Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Муҳаммади Боқири, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бо таслияти ҳодисаи террористии ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) дар шаҳри Шероз гуфт: Тарроҳон ва омилони ин ҷинояти душманона ба зуди дар камини неруҳои интизомӣ амниятӣ ва иттилоъотии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор хоҳад гирифт ва ба сазои аъмоли нангинашон хоҳанд расид.
Иқдомоти террористии рузи чаҳоршанбеи ДИИШ дар ҳамлаи мусалаҳона ба Шоҳчароғ ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) дар шаҳри Шероз маркази устони Форс ҷанбуи Эрон ба шаҳодати 15 нафар аз ҷумла 2 кудак ва захми шудани 27 нафар аз зоирон мунҷар шуд.
Ин иқдоми террористӣ, ки ДИИШ масъулияти онро бар уҳда гирифта аст бо маҳкумияти Созмони Миллали Муттаҳин ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон муваҷаҳ шуд.
342/